Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳуд Олмерт аз мақомаш меравад


Нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт эълом кард, ки дар раъйдиҳии оянда барои интихоби сарвари Ҳизби Кадима номзадии худро нахоҳад гузошт ва бо интихоби раҳбари нави ҳизб, аз мақоми нахуствазир истеъфо хоҳад дод. Ба Эҳуд Олмерт, ки дар як қазияи ришваситонӣ олуда дониста мешавад, тайи чанд ҳафтаи ахир фишор оварданд, то аз мақомаш канор биравад. Тасмими нахуствазири Исроил Эҳуд Олмерт барои ширкат накардан дар интихоби раиси Ҳизби Кадима оғози роҳ барои интихоби нахуствазири нави Исроилро маҳсуб аст.

XS
SM
MD
LG