Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хуруҷи нерӯҳои эъзомии Русия аз Абхозистон


Тибқи хабарҳо хуруҷи сарбозони Русия аз Абхозистон, яке аз минтақаҳои ҷудоихоҳи Гурҷистон шурӯъ шуда, то ҳоло 150 нафари ин сарбозон ба маҳалли хидмати хеш дар Русия баргаштааст. Маскав мегуфт, ин сарбозонро барои тармими роҳи оҳан ба Абхазия фиристода буд. 250 нафари боқимонда қарор аст, пас аз як расми хайрбод дар маркази маъмурии Абхозистон, Сухумӣ, низ минтақаро тарк кунанд. Гурҷистон, Иёлоти Муттаҳида ва Паймони Атлантики Шимолӣ Русияро барои интиқоли ин сарбозон ба Абхазия дар моҳи май мавриди танқид қарор додаанд. Маскав, ки аз Абхазия пуштибонӣ мекунад, ирсоли нерӯҳоро ба ин минтақа як кӯмаки башардӯстона номида буд.
XS
SM
MD
LG