Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши нақзи ҳуқуқи курдҳо дар Эрон


Созмони Афви Байнулмилал мегӯяд, ҳукумати Эрон дар мубориза бо табъизи густардаи зидди ақаллияти курди ин кишвар кори кофӣ анҷом намедиҳад. Дар гузорише, ки имрӯз ин созмони мустақар дар Лондон нашр кард, моҳҳои охир нақзи ҳуқуқи курдҳо дар Эрон афзоиш ёфта, додгоҳҳо ба дунболи муоҳкимаҳои нохолисона чандин нафарро ба қатл ва ҳабси тӯлонӣ маҳкум карданд. Занон ҳадафи хоси чунин аъмол қарор мегиранд. курдҳо бо 12 миллион нуфус наздик ба 15 дарсади аҳолии Эронро ташкил медиҳанд.
XS
SM
MD
LG