Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон боз як сарбози Британия кушта шуд


Вазорати мудофиаи Британия иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар вилояти ҷанубии Ҳилманди Афғонистон як сарбози ин кишвар ба ҳалокат расид. Ҳафтаҳои ахир бархӯрдҳои мусаллаҳона дар ҷануби Афғонистон афзоиш ёфтаанд. Толибон ҳар чӣ бештар роҳҳоро бомбгузорӣ намуда, болои сарбозони Британия ҳамла мекунанд.
Сар аз соли 2001, яъне аз оғози амалиёти зидди терроризм дар Афғонистон 113 сарбози Британия ба қатл расидаанд. Дар Афғонистон дар қатори 53000 афсару сарбози нерӯҳои кумаки амниятӣ ба Афғонистон (ISAF) 8100 низомии Британия ифои вазифа мекунанд.
XS
SM
MD
LG