Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сербия муҷримони ҷиноёти низомиро боздошт мекунад


Мирко Светкович, сарвазири Сербия изҳор намуд, ки ба думболи Радован Караҷич дигар гумонбарон дар ҷиноёти низомӣ ҳам боздошт мешаванд. Ӯ афзуд, ки “боздошти Караҷич намоишгари талошҳои мо барои ҳамкорӣ бо додгоҳи Ҳейг аст. Мо фикр мекунем, ки ин ҳамкорӣ барои кишварамон зарур аст, зеро нишон медиҳад, ки мо ба ҳуқуқи байнулмилалӣ арҷ мегузорем”.

Сарвазири Сербия изҳори умедворӣ кард, ки Иттиҳодияи Аврупо татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ бо Сербияро шурӯъ мекунад. Брюссел татбиқи ин санадро бо ҳамкории Сербия ва Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг рабт дода буд.

XS
SM
MD
LG