Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддияи мақомоти давлатии Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон хабари расонаҳои Маскав дар мавриди ба ихтиёри Русия вогузоштани 75 дарсади саҳмияҳои нерӯгоҳи Роғунро рад кардаанд.

Рӯзномаи «Комерсант»-и Русия дар шумораҳои гузаштаи худ хабаре нашр карда буд, ки тибқи он гӯё зимни номае муовини сарвазири Тоҷикистон мувофиқати Душанбе барои дар ихтиёри Маскав гузоштани 75 дарсади саҳмияҳои Роғунро элом кардааст.

Аммо Сайдалӣ Сиддиқов, раҳбари шӯъбаи иттилоту таҳлили Дастгоҳи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфт, ин хабари «Коммерсант» асоси воқеӣ надорад ва дар номаи муовини сарвазири Тоҷикистон Асадулло Ғуломов ишорае дар мавриди омодагии Тоҷикистон барои додани саҳмияҳои Роғун ба Русия нашудааст.

XS
SM
MD
LG