Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико алайҳи Зимбабве таҳримоти бештар ҷорӣ кард


Раисиҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш ба дастуре имзо гузошт, ки алайҳи давлати президенти Зимбабве Роберт Мугабе таҳримоти бештар эъмол мекунад. Ҷорҷ Буш гуфт, ин иқдом "пайомади мустақими хушунатҳои давомдори дорои ангезаҳои сиёсӣ аз сӯи режими Мугабе аст".

Роберт Мугабе дар моҳи июн дар як интихоботи бидуни рақобат, ки кишварҳои Ғарб маҳкумаш карданд, пирӯз шуд. Рақиби аслии Мугабе ва барандаи даври аввали иинтихобот Морган Тсвангираи даври дуввуми раъйгириро ба ин далел, ки ба тарафдоронаш хатари марг таҳдид мекунад, бойкот кард.

XS
SM
MD
LG