Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазирони Шонгҳой дар Пуғузе гирди ҳам омаданд


Рӯзи ҷумъа, дар мавзеъи Пуғузеи дараи Варзоб, дар шимоли пойтахти Тоҷикистон нишасти вузарои хориҷаи кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор шуд.

Мизбони ин нишаст, вазири хориҷаи Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ гуфт, вузарои хориҷа дар Пуғузе масоили доғи байналмилалиро баррасӣ кардаанд: “Ба хусус ба вазъи Афғонистон ва ҳалли масоили марбут ба ҷилавгирӣ аз таҳдидҳое, ки аз он кишвар бармехезанд, таваҷҷӯҳи зиёд нишон дода шуд. Аз ҷумла роҳҳои истифода аз имконоти гурӯҳи тамоси Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва Афғонистон ва васоили дигар баррасӣ шуд.”

Нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар таърихи 28 августи соли ҷорӣ низ дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд. Ин созмон Чин, Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистону Узбакистонро муттаҳид мекунад.
XS
SM
MD
LG