Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тифлис истирдоди Карели аз Фаронсаро дунбол дорад


Додситонии Гурҷистон мегӯяд, онҳо дар пайи истирдоди волии собиқи яке аз вилоятҳои ин кишвар Михаил Карели аз Фаронса ҳастанд. Михаил Карели аз муттаҳидини наздики вазири пешини дифоъи Гурҷистон Ираклий Окруашвили аст, ки феълан дар Фаронса паноҳгоҳи сиёсӣ дарёфт кардааст. Карели, ки ба сӯъиистифода аз мақом, фасод ва ришвахоҳӣ муттаҳам мешавад, қаблан як дафъа боздошт шуда буд, вале дар ивази гаравпулӣ раҳо ёфт.

Мунаққидони давлати президенти Гурҷистон Михаил Саакашвили мегӯянд, таъқиби Ираклий Окруашвили ва чанд мансабдори дигар, ки дар гузашта аз ёрони наздики Саакашвили буданд, ангезаи сиёсӣ дорад, чунки он афрод мехостанд ба сафи мухолифини давлат бипайванданд.

XS
SM
MD
LG