Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши маргу мири атфол дар Суғд


Мақомоти расмӣ мегӯянд, маргу мири кӯдакони навзод дар вилояти Суғд имсол афзудааст. Ба гуфтаи онҳо тайи ним соли равон танҳо дар ин вилоят бештар 550 тифли навзод фавтидааст, ки ин дар муқоиса ба шаш моҳи аввали соли 2007, 0,3 дар сад зиёд аст. Хабаргузории “Азия Плюс” аз қавли Далил Тошматов - мудири шӯъбаи беҳдошти ҳукумати вилояти Суғд навиштааст, мақомоти беҳдоштӣ омилҳои афзудани фавти кӯдакони навзодро таҳқиқ мекунанд. Вай эътироф кардааст, ки баъзан иштибоҳҳои табибон, таъхир дар табобати атфол ва надонистани вазъи воқеии бемор сабаби ҳалокати кӯдакон мешавад. Бино ба гуфтаи Созмони Милал, Тоҷикистон аз назари маргу мири кӯдакон дар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷойи аввал қарор дорад.
XS
SM
MD
LG