Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати Амрико аз ҳукумати Қазоқистон


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳукумати Қазоқистон хост, пеш аз гирифтани курсии раёсати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо то охири имсол нишон диҳад, ки воқеан демократия дар он кишвар рушд мекунад. Интизор меравад, Қазоқистон соли 2010 раҳбари созмони мӯътабари ҳомии ҳуқуқи аврупоиро бар ӯҳда бигирад. Қазоқистони сарватманд аз захираҳои нафту газ, ки барои кишварҳои ғарбӣ манбаъи энержии изофӣ маҳсуб мешавад, бо вуҷуди интиқодот аз собиқаи нақзи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар, ба мақоми раиси давраии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо пешбарӣ шуд.Ричард Баучер - муовини вазири умури хориҷаи Амрико, зимни як нишасте гуфт, Қазоқистон бояд талошҳо ҷиҳати демократисозии ҷомеаро тақвият бахшида ва то охири имсол аҳд диҳад, ки кори бештаре дар ин роҳ хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG