Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич дар додгоҳ аз худ дифоъ мекунад


Светозар Вюачич-вакили мудофеъи Родован Караҷич мегуяд, агар раҳбари собиқи сербҳои боснӣ ба додгоҳи ҷароими ҷангии СММ дар Ҳейг ё Гаага супурда шавад, аз худаш дифоъ хоҳад кард. Вакили мудофеъ гуфтааст, Караҷич дар Сербистон гуруҳи қонунии кумакрасон дорад, вале дар догоҳ худаш аз худ дифоъ хоҳад кард. Бруно Векарич-сухангуи додгоҳи ҷароими ҷангии Сербистон имруз дар Белгрод гуфт, Родован Караҷич дар рузҳои оянда ба додгоҳи Ҳейг супурда мешавад:

"Ақидатан вай ҳафтаи оянда метавонад дар додгоҳи Ҳейг бошад, агар ҳамаи далоил дар асноди додгоҳ таъйид шавад, ё шояд каме зудтар, агар кумиссюни мо зудтар тасмим бигирад".
Бино ба хабарҳо, Караҷич беш аз даҳ сол бо номи дигар бо тибби алтернатиф машғул будааст ва ҳоло ришу муйлаб ва муйсари дароз дорад.
XS
SM
MD
LG