Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли фармондеҳи Толибон дар Ҳилманд


Вазорати дифоъи Бритониё эълом кард, нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон як фармондеҳи олирутбаи Толибонро кушта ва як фармондеҳи дигари онҳоро асир гирифтаанд. Ба иттилоъи вазорат, Муллоҳ Раҳим, ки фармондеҳи Толибон дар вилояти Ҳилманд маҳсуб мешавад, як соат пештар аз қатли Абдулразоқ раҳбари ҷангҷӯён дар вилоят ба нерӯҳои эътилофӣ таслим шудааст. Абдулразоқ бар асари ҳамлаи мушакӣ ба шимоли ноҳияи Мусоқалъа дар рӯзи якшанбе ба ҳалокат расидааст.

XS
SM
MD
LG