Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караҷич солҳои ахир ба маризон шифо мебахшид


Радован Караҷич, раҳбари сербҳои Боснӣ солҳои ахир дар як бемористони хусусии Белград, пойтахти Сербия кор мекард. Ба иттилоъи хабаргузориҳо, ӯ риши сафеди дароз дошт ва худро ҳамчунин Драган Дабич муаррифӣ менамуд, аз ин рӯ боздошташ ба мушкил мувоҷеҳ шуда буд.

Хабари боздошти Караҷич бегаҳи дирӯз паҳн шуд ва аммо баъзе манбаъҳо мегӯянд, ки амалиёт барои дастгир кардани ӯ ҳанӯз рӯзи ҷумъа сурат гирифта буд. Имрӯз Радован Караҷич барои нахустин бор мавриди бозпурсӣ қарор гирифт. Ин бозпурсӣ - марҳалаи аввал дар истирдоди Караҷич ба Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг ё Гаага маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг раҳбари собиқи сербҳои Босниро дар даст доштан дар куштори 12 ҳазор сокинони осоиштаи шаҳри Сараево ҳангоми муҳосираи ин шаҳр ва ҳамчунин дар қатли тақрибан 8 ҳазор мусалмонҳои шаҳри Сребренитса дар соли 1995 муттҳам медонад.

XS
SM
MD
LG