Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама дар Бағдод бо Моликӣ гуфтугӯ кардааст


Барак Обама, номзади Ҳизби демократи Амрико ба интихоботи раёсати он ҷумҳурӣ, имрӯз дар Бағдод бо сарвазири Ироқ Нурӣ Моликӣ мулоқот кардааст. Як мавзӯъи ин гуфтугӯҳо масъалаи ҳузури нирӯҳои Амрико дар Ироқ будааст.

Обама мехоҳад баъд аз интихобаш ба президентӣ нирӯҳои Амрикоро аз Ироқ дар зарфи 16 моҳ берун кашад.

Аммо фармондеҳи ситоди кулли артиши Амрико адмирал Майк Муллен таъйини чунин ҷадвали замонии хуруҷи нирӯҳо аз Ироқро “хатарнок” номидааст.

Барак Обама дар пайи Афғонистон ва Ироқ, аз Урдуну Исроил ва Олмону Фаронсаву Бритониё низ дидан хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG