Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чавес ба кӯдакон дарси сотсиализм додааст


Раисиҷумҳури Венесуэла Ҳуго Чавес дар рӯзи иди миллии кишвараш ба кӯдакон аз сотсиализм сабақ додааст.

Чавес атфолро ба пайравӣ аз сотсиализм ташвиқ карда гуфтааст, ки капитализм ё худ низоми сармоядорӣ кӯдаконро истеъмор мекунад, раҳгум мезанад ва мағзи онҳоро заҳролуд мекунад.

Ҳуго Чавес аз муттаҳидини наздики Фидел Кастро, раҳбари феълан бознишастаи Куба, мехоҳад низоми таълим дар Венесуэларо аз низоми идеологие, ки дар Куба ҳаст, нусхабардорӣ кунад.
XS
SM
MD
LG