Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушта шудани нӯҳ пулиси афғон


Дастикам нӯҳ нафар дар вилояти Фароҳ, дар ғарби Афғонистон ба иллати иштибоҳи сарбозони нируҳои Эътилофи байналмилалӣ кушта шудаанд.

Масъулони мақомоти вилояти Фароҳ мегӯянд, дар ҷараёни даргирӣ нимаи шаби гузашта дар ин вилоят маъмурони пулис ва сарбозони мутааллиқ ба нерӯҳои низомии НАТО якдигарро ба ҷойи афроди шӯришӣ гирифта ва ҳадафи гулӯла қарор додаанд. Дар натиҷаи ин даргирӣ 9 нафар кушта ва 4 нафар ҳам маҷрӯҳ шудаанд.

Сарбозони НАТО дар ин даргирӣ аз нерӯи ҳавоии НАТО дар Афғонистон кӯмак хостаанд ва дар натиҷаи ҳамлаи ҳавоӣ нӯҳ маъмури пулис кушта ва панҷ тани дигар маҷруҳ шудаанд.

XS
SM
MD
LG