Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷалилӣ: "Музокирот бояд "созанда" бошад"


Эрон изҳори умедворӣ кард, ки музокирот оид ба барномаи ҳастаии кишвар “созанда” хоҳад буд. Ба ин нукта Сайид Ҷалилӣ, раиси ҳайати Эрон дар музокирот, дар арафаи нишаст дар Женева оид ба барномаи ҳастаии кишвар ишора кард. Барои нахустин бор дар гуфтушунид дипломати воломақоми ИМА – муовини Котиби давлатӣ Уилям Бёрнс ширкат хоҳад дошт. Котиби давлатии ИМА Кондализа Райс гуфт, ки ширкати намояндаи Амрико - намоишгари муттаҳидии ҷомеъаи ҷаҳонӣ дар талоши аз роҳи дипломатӣ ҳаллу фасл кардани қазияи барномаи ҳастаии Эрон аст. Эрон низ аз ин иқдом хуш истиқбол кардааст.

Дар музокироти Женева, ки рӯзи шанбе баргузор мешавад, ҳамчунин намояндагони Иттиҳодияи Аврупо, Бритониё, Олмон, Чин, Русия ва Фаронса ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG