Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди президент аз Бадахшон


Рӯзи севвуми сафари Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон ба вилояти Бадахшон бо боздид аз шаҳри Хоруғ идома дорад.

Шоми имрӯз, шанбе дар варзишгоҳи шаҳр бо ҳузури президент ва 2100 нафар донишҷӯёну хонандагон намоиши театрӣ баргузор мегардад.

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Бадахшон суҳбҳи дирӯз аз ноҳияҳои Ванҷ ва Рӯшон оғоз ёфт. Ба ноҳияи Ванҷу Дарвоз аз ҷониби президент 4 автобус, 2 мошинаи ёрии таъҷилӣ ва 30 адад компутар эҳдо шудааст.

Дар ноҳияи Рӯшон президент нахуст аз хоҷагии иҷоракории “Ганҷ”дидан карда, сипас дар маросими ба истифода додани биноҳои “Агроинвестбонк ” ва шӯъбаи молия ширкат дошта. Пасон бо тарбиятгирандагони мактаб-интернати вилоятӣ сӯҳбат дошта, ба рафти сохтимони бинои интернат шинос гардид.

Бархе аз масъулини макотиб изҳори нигаронӣ намуданд, ки макотибашон дар ҳолати садамавӣ қарор дорад. Аммо президент таваҷҷӯҳи афзояндаи ҳукумати ҷумҳурӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва танзими оиларо роҳи ҳалли ин мушкилот номид.

Президент дар ин мулоқот ҳамзамон изҳор дошт, ки алҳол асосноккунии техникии лоиҳаи нерӯгоҳи маҳалли Санободи ноҳияи Рӯшон бо иқтидори наздики 100 ҳазор киловат дар марҳилаи анҷомёбӣ буда, дар ояндаи наздик сохтимони он шурӯъ хохад шуд.

Дар ҳамин ҳол, дар Хоруғ намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон идома дорад. Сокинон изҳори норизоият мекунанд, ки ба ғайр аз як-ду мошин маҳсулоти боқимонда ҳамоно бо нархи гарон фурӯхта мешавад. Аммо намояндаи идораи кишоварзии вилояти Хатлон баён дошт, ки шаш комюни борбар дар роҳ шикастанд ва онҳо маҷуранд қусури хароҷотро аз кисаи харидорон ҷуброн кунанд.

Соҳибназаров Саҳибназар, як омӯзгори мактаби шаҳр, ки дар омода намудани намоиш ширкат дошт, изҳор намуд, ки баргузории чунин намоишҳо бо ҷалби теъдоди зиёди талабагону донишҷӯён ба аҳамияти сафари ашхоси воломақом соя меафкананд, зеро ба ҷузъ аз масрафи нерӯ ва маблағ ба ҷомеа аз онҳо мафоде намерасад.

XS
SM
MD
LG