Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши бенатиҷа барои қочоқи танталиум


Додситони Русия муассиси як ширкати русиро расман ба талош ҷиҳати қочоқи танталиум ба Эрон муттаҳам кардааст, ки ин металро метавон дар сохти силоҳи куштори ҷамъӣ истифода бурд. Додситонии кулли Русия гуфт, мақомоти тафтишотии вилояти Астрахан парвандаи тоҷир Анор Хоҷаев шаҳрванди Ӯзбакиситонро барои баррасӣ ба додгоҳ фиристодаанд. Метали танталиум барои тавлиди мушакҳо ва ҳамчунин реакторҳои атомӣ истифода мешавад.
XS
SM
MD
LG