То оғози Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 рӯзҳои башумор мондаанд. Ба иттилоъи Телевизиони марказии Чин, аввалин тамрини маросими ифтитоҳи Олимпиадаи Пекин дар варзишгоҳи миллии мавсум ба «Лонаи парранда» ба таври махфӣ доир гардид. Тамрин, ки тӯли 3 соат идома кард, зери ҳимояти кормандони мусаллаҳи пулис баргузор шуд. Сирри ҷараёни маросими идонаи кушодашавии Олимпиада амалан ба сирри давлатӣ баробар аст.
Бино бар ин, ҳар касе, ки ба бахши омодагӣ ба ин маросим даст дорад, ҳуҷҷатеро дар бораи фош накардани мазмуну мундариҷаи он имзо кардааст.
Чунон ки маълум аст, маросими ҳақиқии кушодашавии Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин 8-уми август баргузор хоҳад шуд.
Шарафи Тоҷикистонро дар Олимпиадаи Пекин 14 варзишгар дар 7 навъи варзиш ҳимоят хоҳанд кард. Инҳо гурзандозҳо Дилшод Назаров ва Галина Митяева, паҳлавонон Расул Боқиев, Шералӣ Бозоров ва Неъматулло Асронқулов (гуштии дзюдо), Виталий Корякин ва Юсуф Абдусаломов (гуштии озод), муштзанҳо Шералӣ Достиев , Анвар Юнусов ва Ҷаҳон Қурбонов, шиноварон Екатерина Измайлова ва Алишер Чингизов , камонвар Албина Камолиддинова ва вазнабардор Низом Сангов мебошанд.
Меҳмони нахустини барнома Бобохон Сангов, сармураббии дастаи мунтахаби вазнабардории кишвар ва дабири кулли Федеросиюни вазнабардории Тоҷикистон, мебошад.
Дар ин барнома, инчунин, суҳбате дорем бо Муқим Каримов, собиқадори футболи тоҷик, олими соҳаи тиб, барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, дар бораи аввалин поягузорони футболи тоҷик.
Барои ба таври комил шунидани барнома ишораи «аудио» дар тарафи рости болои саҳифаро пахш кунед.