Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Штейнмайер ба Гурҷистон расид


Вазири хориҷаи Олмон Франк-Валтер Штейнмайер ба хотири баррасии роҳҳои оддӣ сохтани танишҳо бар сари вилояти ҷудоиталаби Абхозистон ба Тифлис омад. Олмон феълан раҳбарии гурӯҳи Гурҷистон дар СММ-ро бар ӯҳда дорад. Ин гурӯҳ Амрикову Русия ва Фаронсаву Бритониёро низ фаро мегирад. Вазири хориҷаи Олмон дар Тифлис гуфт: “Ҳамчун раҳбари Гурӯҳи Дӯстон, ки зери назари дабири кулли СММ ташкил шудааст, мо масъулияти вижае бар дӯш дорем ва бо мурооти дақиқи ин вазифа, мо ҳамроҳ бо дӯстони мо мехоҳем ба ҳалли ин мавзӯъ мусоидат бикунем.”

Франк-Валтер Штейнмайер баъд аз Гурҷистон, аз Абхозистон ва Русия дидан мекунад.

Тарҳи пешниҳодии ӯ музокироти мустақим ва таъмини бозгашти беҷошудагони гурҷӣ ба Абхозистонро дар бар мегирад. Вале вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров мегӯяд, бо хатми хушунат рабт додани бозгашти беҷошудагон тарҳи мазкурро комилан ғайривоқеъӣ мегардонад.

XS
SM
MD
LG