Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 24 фоиз рушд доштааст


Мизони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар 6 моҳи аввали соли равон, назар ба ҳамин давраи соли гузашта 24 дарсад рушд карда, 2 миллиарду 325 долларро ташкил додааст.

Аммо таносуби байни содирот ва воридоти кишвар дар ин муддат манфӣ буда, ҳаҷми содирот назар ба воридот 745 миллион доллар камтар шудааст.

Тоҷикистон дар нимаи аввали сол ба маблағи беш аз 1,5 миллиард доллар мол ворид карда, ба маблағи қариб 800 миллион доллар ба хориҷ мол содир кардааст.

XS
SM
MD
LG