Сухангӯи нируҳои марзбонии тоҷик гуфтааст, даргирӣ миёни қочоқиёни маводи мухаддир ва марзбонон рӯзи душанбеи гузашта дар ноҳияи марзии Шӯрообод рух додаст.
Ин даргирӣ замоне ба вуқуъ пайвастааст, ки як гурӯҳи шашнафарии қочоқбарон талош кардаанд аз марз убур кунанд ва ба сӯи марзбонон оташ кушодаанд. Дар натиҷаи ин даргирӣ як марзбони тоҷик кушта шудааст. Гурӯҳи қочоқбарон дубора ба хоки Афғонистон паноҳ будааст.
Дар соли ҷорӣ бори аввал аст, ки як сарбози тоҷик дар даргириҳои марзӣ кушта мешавад.