Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аксуламал алайҳи таъмини молии терроризм


Гурӯҳи Авруосиё дар соҳили Иссиқкӯли Қирғизистон нишасти ҳаштуми худро, ба мавзӯъи мубориза бо терроризм бахшида шудааст, баргузор кард.

Бердибой Самадов, сухангӯи Хадамоти иктишофи молии Қирғизистон пиромуни баргузории ин нишаст ба бахши тоҷикии радиои Озодӣ гуфт, гурӯҳҳои корӣ аз соири кишварҳои узви ин созмони байналмилалӣ аснодеро таҳия мекунанд, ки ҳафтаи равон дар иҷлоси умумии Гурӯҳи Авруосиё мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт. Ин манбаъ афзуд, ки иҷлоси умумии Гурӯҳи Авруосиё то 18 июл давом хоҳад кард.

Бердибой Самадов гуфт, гузоришҳо аз фаъолияти ниҳодҳои марбутаи Федерасиюни Русия, Қирғизистон ва ҷумҳурии мардумии Чин дар мавриди муборизаи онҳо бо шустани пул ва аз роҳи ҷиноят қонунӣ кардани молиёти терроризм ба доираи баҳс кашида хоҳанд шуд.

Бояд тазӯаккур дод, ки дар чаҳорчӯби иҷлоси ҳаштуми Гурӯҳи Авруосиё дар соҳили Иссиқкӯл баргузории як семинар низ мадди назар аст, ки барои намояндагони ниҳодҳои қудратии кишварҳои узви ин созмон барномарезӣ шудааст.

Гурӯҳи Авруосиё як созмони байналмилалист, ки гуфта мешавад, бо ибтикори Русия дар авохири соли 2004 арзи вуҷуд намудааст. Ба ин гурӯҳ Тоҷикистон, Узбакистон, Русия, Чин ва Белорус шомиланд. Аммо ИМА, Бритониё, Туркия, Афғонистон, Арманистон, Литва, Гурҷистон, Итолиё ва Украина ба ҳайси кишварони нозир пазируфта шудаанд. Гузашта аз ин Раёсати мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи байналмилалии асъор, Созмони амнияти дастаҷамъӣ, ЕврАзЭС ва Интерпол низ дар Гурӯҳи Авруосиё созмонҳои нозир муаррифӣ шудаанд.

Ба гуфтаи дастандаркорони Гурӯҳи Авруосиё мубориза алайҳи қонунӣ намудани молиёти терроризм, тадобири муштарак барои иктишофи манбаъҳои дигари молии он, ҳамоҳанг сохтани барномаҳои ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, гурӯҳҳои корӣ ва кишварҳои манфиатдор вазифаҳоеанд, ки ин созмон бар дӯш гирифтааст.

XS
SM
MD
LG