Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дархости боздошти раисиҷумҳури Судон


Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ хостори судури дастури боздошти раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир бо иттиҳоми наслкушӣ шуд.

Додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, мақараш дар Ҳейги Ҳолланд, рӯзи душанбе натоиҷи таҳқиқоти ҷиноёти сангин дар вилояти ҷангзадаи Дарфури Судонро эълон кард ва хостори судури дастури боздошти раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир бо иттиҳоми наслкушӣ шуд. Луис Морено-Окампо ҳанӯз дар рӯзи панҷшанбе гуфта буд, ки дар қиболи рӯйдодҳои хунини Дарфур парвандаи нав боз мекунад.

Ин дар ҳолест, ки ин иқдоми Додгоҳи байнал милалӣ аз пеш бо эътирозоти шадиде дар Судон, ба хусус, аз сӯи мақомоти давлатии ин бузургтарин кишвари қораи Африқо ва тарафдорони давлат рӯбарӯ шуда буд.

Ҷанги шаҳрвандӣ дар Дарфур, ки соли 2003 оғоз ёфт, бино ба ҳисобҳо, то 300 000 нафарро кушта барҷйо гузошта, мунҷар ба беҷо шудани то 3 миллион нафар шудааст.

Луис Морено-Окампо, додситони додгоҳи байнал милалии ҷиноӣ хостори судури дастури боздошти раисиҷумҳури Судон Умар ал-Башир бо иттиҳомоти сангине, чун наслкушӣ, ҷиноёти алайҳи башар ва ҷиноёти ҷанг дар солҳои ҷанги шаҳвандӣ дар вилояти Дарфур шуд. Додситон гуфт, нирӯҳо ва сарбозони таҳти назорати Башир дар куштори мустақими дастикам 35 000 нафар даст дошта, ҳамчунин ба марги батадриҷи аз 80 000 то 265 000 нафаре, ки дар пайи ҷанги Дарфур беҷо шудаанд, саҳм доранд.

Асноди додгоҳӣ мегӯяд, Башир ҳамроҳ бо афроди дигар бо истифода аз дастгоҳҳои давлатӣ, нирӯҳои мусаллаҳ ва шибҳанизомиёни марбут ба гурӯҳи Ҷонҷовид алайҳи гурӯҳҳои қавмии фур, маслаит ва зағава дар Дарфур наслкушӣ кардааст.

Луис Морено-Окампо Умар ал-баширро ҳамчунин дар ҷиноёти ҷанг ва ҷиноёт алайҳи башар, аз ҷумла дар куштор, поккорӣ, иҷборан беҷо кардани наздики 3 миллион нафар, шиканҷа ва бадрафторӣ муттаҳам кардааст.

Додситон дар баробари тақозои судури дастури боздошти Башир, ҳамчунин хостори мусодираи молумулк ва суратҳисобҳои бонкии раисиҷумҳури Судон шудааст.

Баъд аз раисиҷумҳури Либерия Чарлз Тейлор, ки дар соли 2003 аз сӯи додгоҳи байналмилалӣ ба даст доштан дар ҷиноёт алайҳи башар муттаҳам шуд, Умар ал-Башир инак, дуввумин раҳбари африқоист, ки ин додгоҳ алайҳаш иттиҳом эълон мекунад. Аммо ҷониби Судон ҳанӯз қабл аз эълони натоиҷи таҳқиқот аз сӯи додситони Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ гуфтааст, ҳар навъ эълони иттиҳом алайҳи раҳбарони Судон ҷараёни сулҳро дар Дарфур замин хоҳад кард.

Конгресси миллӣ, ҳизби ҳокими Судон дар ин робита рӯзи якшанбе ҳушдор дод, ки ҳар навъ талоши ба масъулият кашидани раисиҷумҳури Судон ва ёрони ӯ вилояти Дарфурро ба домани хушунатҳо ва хунрезиҳои бештар хоҳад кашонид.

Аҳзоби мухолифи Судон низ алайҳи эълони иттиҳом бар зидди раисиҷумҳур Башир садо баланд карда ва гуфтаанд, боздошти Умар Башир суботро дар ин бузургтарин кишвари қораи Африқо ба ҳам хоҳад зад. Ин дар ҳолест, ки мухолифини судонӣ дар поёни соли гузашта аз Додгоҳи байналмилалӣ, ки алайҳи вазири судонӣ Аҳмад Ҳорун ва раҳбари шибҳанизомиёни муттаҳиди давлат айб эълон карда буд, пуштибонӣ карданд.

Кормандони созмонҳои имдодӣ низ хафв доранд, ки ин иқдоми Додгоҳи байналмилалӣ пайомадҳои манфӣ хоҳад дошт. Дарфур дар ҳоли ҳозир майдони анҷоми бузургтарин амалиёти кӯмакҳои башарӣ дар ҷаҳони муосир аст ва созмонҳои имдодии фаъол дар ин вилояти ҷангзада дар пешорӯи эълони натоиҷи таҳқиқоти Додгоҳи байналмилалӣ тадобири амниятиро дар ин вилоят афзоиш додаанд. Мақомоти Судон низ гуфтаанд, ба хотири ҷилавгирӣ аз хушунатҳо мизони тадбирҳои амниятӣ дар давру бари сафоратхонаҳои кишварҳои ғарбиро дар Хартум, пойтахти Судон афзоиш додаанд.

Башир дар натиҷаи як табаддулоти давлатӣ дар соли 1989 бар ҳарики қудрати Судон нишаст. Рӯзи якшанбе ӯ дар Хартум нишасти изтирории кобинаи вазирон ва мушовирони давлаташро барпо кард. Садҳо нафар дар ҳавлии сохтмони қасри раёсатҷумҳурӣ бо шиъорҳои дифоъ аз Башир ва давлати ӯ гирди ҳам омада буданд.

Вазири адлияи Судон Абдулбосит Сабдрат, ки дар баробари ин издиҳом сухан меронд, гуфт, ин кишварҳои ғарбианд, ки ба хотири ғаразҳои дигаре аз иқдомоти Додгоҳи байналмилалӣ алайҳи раҳбарони Судон ҳимоят мекунанд: “Онҳо мехоҳанд, бо боздошти раҳбари давлат созишномаи сулҳро барбод диҳанд. Онҳо мехоҳанд ҳарҷумарҷро вусъат дода, ба хотири лағви қарордоди Абуҷа ва хуруҷи нирӯҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз Дарфур дар ин ҷо халоъи сиёсӣ эҷод кунанд.”

Хартум аз Лигаи давлатҳои арабӣ низ даъват кардааст, ба хотири баррасии ин мавзӯъ нишасти изтирории вазирони хориҷаи кишварҳои арабиро даъват кунад.

Лигаи давлатҳои арабӣ дар поёни ҳафтаи гузашта дар пайи нашри гузоришҳо дар бораи эҳтимоли аз сӯи Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба ҷиноёти ҷанг муттаҳам шудани раисиҷумҳури Судон ва мушовирони аршади ӯ аз сиёсӣ шудани кори ин додгоҳ ҳушдор додааст.

Қарор аст, намояндагони парлумонҳои Лигаи давлатҳои арабӣ рӯзи чоршанбе дар Қоҳира, пойтахти Миср, ба хотири баҳси ҳамин масъала ташкили иҷлосия кунанд.

Судон ҳамчунин интизор дорад, ки муттаҳидаш – Чин ва ҳамин тавр, Русия ва кишварҳои африқоӣ дар СММ аз ҳар навъ талоши судури дастури боздошти президенташ Умар ал-Башир ҷилавгирӣ хоҳанд кард.

Дар ҷараёни низоъҳои мусаллаҳона дар вилояти Дарфур, ки дар авоили соли 2003 байни пайравони дини масеҳӣ ва шибҳанизомиёни мусалмон оғоз ёфт, то 300 000 нафар кушта ва наздики 3 миллион нафар бехонавудар шуданд.

Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ, ки СММ таъсис додааст, бо дастури ин созмон аз соли 2005 ба ин сӯ ба таҳқиқи ҷиноёти ҷанг дар Дарфур машғул аст.

XS
SM
MD
LG