Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Газпром" бо Эрон ҳамкорӣ карданист


Ширкати “Газпром”-и Русия ва ширкати миллии нафти Эрон ба як ёддошти тафоҳум имзо гузоштаанд. “Газпром” мегӯяд, ба хотири иҷрои муқаррароти ин санад як гурӯҳи муштараки корӣ созмон хоҳад ёфт. Ин ёддошти тафоҳум дар ҷараёни сафари як ҳайъати баландпояи “Газпром” бо раҳбарии раисаш Алексей Миллер ба Эрон ва мулоқотҳои ӯ бо вазири нафти Эрон Ғуломҳусейн Нӯзарӣ ва мудиромили ширкати миллии нафти он кишвар Сайфуллоҳ Ҷашнсоз таҳия ва имзо шудааст.

XS
SM
MD
LG