Дастаи «Хуҷанд» (Хуҷанд) низ дар Душанбе тими CSKA «Помир»-ро бо ҳисоби 2:0 шикаст дод. Дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа дар майдони худ бар тими «Саройкамар»-и ноҳияи Панҷ бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. «Динамо»-и Душанбе ба дарвозаи тими меҳмон – «Равшан»-и Кӯлоб – 4 голи беҷавоб зад. Дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қурғонтеппа меҳмони худ «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 мағлуб сохт.
Ҳамин тавр, дастаи «Парвоз» бо 41 имтиёз аз 16 бозӣ дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Регар» ТадАЗ ва «Хуҷанд» 35-имтиёзӣ ба даст овардаанд, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Регар» дар зинаи дувум қарор гирифтааст. Инчунин дастаи шаҳри Турсунзода нисбат ба дастаи «Парвоз» 2 бозӣ ва нисбат ба «Хуҷанд» як бозӣ камтар анҷом додааст. «Хуҷанд» дар ҷои севум мебошад.
Байни 5 дастаи беҳтарин, инчунин «Вахш» бо 29 имтиёз ва «Динамо» бо 25 имтиёз ҷойгир шудаанд.
Ҳамлагари «Парвоз» Нуъмонҷон Ҳакимов, ки 14 гол ба самар расондааст, дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал аст. Суҳроб Ҳамидов («Энергетик») бо 10 гол дар ҷои дувум мебошад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 14-уми июл
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1. | «Парвоз» | 16 | 13 | 2 | 1 | 39-11 | 41 |
2. | «Регар» ТадАЗ | 14 | 11 | 2 | 1 | 46-11 | 35 |
3. | «Хуҷанд» | 15 | 11 | 2 | 2 | 18-6 | 35 |
4. | «Вахш» | 15 | 9 | 2 | 4 | 23-13 | 29 |
5. | «Динамо» | 15 | 7 | 4 | 4 | 24-17 | 25 |
6. | «Тоҷиктелеком» | 17 | 7 | 0 | 10 | 24-28 | 21 |
7. | CSKA «Помир» | 16 | 5 | 0 | 11 | 10-29 | 15 |
8. | «Энергетик» | 17 | 4 | 3 | 10 | 21-31 | 15 |
9. | «Равшан» | 18 | 4 | 1 | 13 | 19-46 | 13 |
10 | «Саройкамар» | 17 | 3 | 4 | 10 | 25-36 | 13 |
11 | «Гвардия» | 16 | 3 | 2 | 11 | 16-37 | 11 |
Бозиҳои даври ХХ: 14-уми июл. CSKA «Помир» – «Саройкамар», «Вахш» – «Регар» ТадАЗ, «Парвоз» – «Равшан», 15-уми июл. «Гвардия» – «Энергетик».
истифодаи силоҳ нисбати аҳолӣ ҷиноят аст ва он бе вокуниши қонунӣ намемонад.
менталитети Сангакию Файзалиги то хол дар тамоми органхо хукмфармо аст - дар милиса, амният, прокуратура е артиш - хама ба хамин метод кор мекунан!
Воҳимаи бисёр кардед, оғо! Аз номи 10 млн нафар гап задед.
Хар касе рузи бехин металабад аз айём...
Ичрои дастури пешвои исмоилиёни ҷаҳон Имоми Замон Шохзода Карим барои хар як пайраваш амри вокеи мебошад. Тамоми Исмоилихои чахон, ки дар давлатхои гуногун Чамоати худро доранд аз чумлаи, Хиндустон, Покистон, Африкои шимоли ва Канадаю Аврупо нихоят тахаммулпазир ва созандаю эчодкор мебошанд. Мардуми Бадахшон бояд намунаи ибрати хамаи Исмоилихо Чахон ва ифтихори Точикистон бошанд. Хатто ман имони комил дорам, ки Имоми Замон аз ин амалхои пайравонаш дар Бадахшон сахт гамгин аст. Шумо ба фитнаю дасисаи игвогарон аз беруни кишвар ва як гурухи АВБОШОН дар байни Чамоат дар дохил, ки душманони миллати Точик хастанд, дода нашавед. Зинда бод вахдати Точик. Тинчи, сулху осоишта ва саломати ба хар як хонадони Точик. Сабрро пеша кунетон ва дар доираи Конунхои Чумхурии Точикистон кор ва зиндаги кунетон.