Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғамхории UNESCO дар ҳаққи Самарқанд


Муассисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал UNESCO чаҳор мероси бостонии ҷаҳонӣ аз ҷумла шаҳри Самарқандро ба феҳрасти мавзеъҳои таърихие ворид кардааст, ки таҳти назорати наздики ин созмон қарор хоҳанд дошт. Пули Пертиус дар Фаронса, Тимбукту дар Малӣ, мавзеъи Мачу Пиччу дар Перу се мавзеъи дигари таърихи мероси ҷаҳонӣ мебошанд, ки ба онҳо хатари вайронӣ таҳдид мекунад. Муаасисаи илм ва фарҳанги Созмони Милал мегӯяд, ба шаҳри бостонии Самарқанд, ки дар онҷо роҳҳу биноҳои нав бунёд мешавад, хатар таҳдид мекунад. Ин созмон аз ҳукумати Ӯзбакистон хостааст, чораҳои лозимро биандешад, ки сохтмону тағйирот дар Самарқанд ба арзиши таърихии он таъсири манфӣ намегузорад.

XS
SM
MD
LG