Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркиш дар анбори силоҳи Узбакистон


Мақомоти Узбакистон мегӯянд, шаби гузашта дар натиҷаи таркиши як анбори силоҳ 3 нафар кушта ва 20 тани дигар захмӣ шудаанд. Вазорати умури изтирории Узбакистон гуфт, сабаби таркиш сӯхтори як бахши ин анбори силоҳ дар шаҳри Когон будааст. Тибқи хабарҳои расида, шишаи тирезаи хонаҳо дар шуъои даҳкилометрии ҷойи ҳодиса шикастаанд. Сокинони Когон ҳоло ба ҷойи дигар кӯч дода шудаанд.
XS
SM
MD
LG