Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори вазири дохилаи Афғонистон аз Душанбе


Бино ба иттилои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ҷиҳати густариши ҳамкории дуҷониба дар бахши мубориза бо маводи мухаддир Заррораҳмади Муқбил, вазири умури дохилаи Афғонистон, барои се рӯз ба Душанбе омадааст.

Сафорати Афғонистон дар Душанбе иттилоъ дод, ки ин нахустин сафари оғои Муқбил ба Тоҷикистон мебошад ва ӯ дар ҷараёни сафари худ бо намояндагони аршади вазоратхонаҳои қудратии Тоҷикистон як қатор мулоқот анҷом хоҳад дод.

Қарор аст Заррораҳмади Муқбил бо ҳамтои тоҷики худ Маҳмадназар Солеҳов барои муқобилаи муштарак бо гуруҳҳои ҷиноӣ, қочоқбар гуфтугӯ кунад.

Ҳамчунин дар ҷараёни ин сафар роҳҳои муборизаи муштарак бо гаравгонгирии сокинони мавзеъҳои марзии Тоҷикистон аз ҷониби гурӯҳҳои қочоқбари афғон баррасӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG