Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурғонтеппа: ифтитоҳи 2 дармонгоҳи пулакӣ


Бо ифтитоҳи якбора 2 дармонгоҳи ташхисӣ-тиббии хусусӣ бо хидматрасонии пулакӣ дар шаҳри Қўрғонтеппа бемористонҳои давлатӣ аксар аз мизоҷони худро аз даст додаанд.

Ахиран дар маркази маъмурии вилояти Хатлон марокизи муолиҷавӣ-ташхисии «Даво» ва тиббии мавсум ба «Хатлон» таъсис ёфтанд, ки бо фанноварии наву муосир ва ба қимати дастрасу босифат ба мардум хидматрасонӣ хоҳанд кард. Ҷамъан дар ин ду маркази тиббӣ беш аз 100 нафар бо кор таъмин шуда, ҳамарӯза барои ҳамин теъдод мизоҷон метавонанд хидмат бикунанд.

Ҳасан Назаров, мушовири илмии дармонгоҳи ташхисӣ-тиббии мавсум ба «Хатлон», мегўяд, барои сохтмони бинои муассиса ва харидории қисме аз фанноварии тиббӣ беш аз 1 миллион сомонӣ масраф шудааст. Ба эътиқоди оқои Назаров, авлавияти кори муассисаи хусусии тиббӣ аз дармонгоҳҳои давлатӣ шояд дар он аст, ки ояндаи наздик дар ин марказ шароити муолиҷаи бемориҳои шадид пайдо хоҳад шуд, ҳамон бемориҳое, ки барои ташхису муъолиҷа қаблан беморон ба хориҷ аз кишвар бадар мерафтанд.
Аммо дар ҳамин ҳол ҳамоно тангдастии молӣ муассисони дармонгоҳ ва пизишконро барои харидории фанноварии муосир нотавон кардааст.
Нахустин дармонгоҳҳои ташхисию муолиҷавии хусусӣ дар вилояти Хатлон дар ҳоле таъсис дода шуданд, ки пизишкони Қурғонтеппа аз хурўҷи бемориҳои сироятӣ бар асари гармоиши ҳаво, норасоии озуқа, истеъмоли ғизои вайроншуда ва ифлосии обҳои нўшиданӣ, изҳори нигаронӣ мекунанд. Баргигул Баротова, муовини сарпизишки Маркази саломатии кўдаконаи Қурғонтеппа, мегўяд, дар ин авохир бемориҳои шадиди диққи нафас ва дарунравӣ дар миёни кўдакони зери синни 5-сола зиёд мушоҳада шудааст. Вай афзуд: «Моро ҳамчун табиб бурузи натанҳо бемориҳои сироятӣ, балки камхунӣ, диабети қанд, баландшавии фишори хун ва ғайра нигарон карда, дар ин ҳавои бесобиқа гарм сустшавии иммунитети бадан, беҳолӣ, нафастангӣ ба ҳама синну соли беморон таҳдид мекунад…»
Масъулини марказҳои нави тиббӣ мегўянд, бо назардошти ин ки шумори мубталоёни бемориҳои сироятӣ дар ҷануби Тоҷикистон афзун шудааст, табобати хоссаи бемориҳои шадиди рўдаю меъда, зардпарвин, домана, табларза, брутселёз ё буғумдард ва диабети қандро роҳандозӣ хоҳанд кард, бахусус хурӯҷи бештари бемориҳои мусрӣ, тибқи ҳушдори мақомоти беҳдоштии Хатлон, дар навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон ва минтақаи Кўлоби ин вилоят пешбинӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG