Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ. Буш: «Медведевро шахси ҳушманд дарёфтам»


Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия, ва Ҷорҷ Буш, президенти ИМА, нахустин бор бо ҳам рӯбарӯ мулоқот мекунанд.

Дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои ҳаштгонаи санъатии ҷаҳон (мавсум ба G8) дар Жопун, масоили марбут ба Эрон ва истиқрори сипари зиддимушакӣ баррасӣ шуд.
Нахустин мулоқоти рӯ ба рӯи раҳбарони Русияву Амрико дар ҳошияи нишасти сарони кишварҳои санъатии ҷаҳон дар Ҳоккайдо сурат гирифт. Д. МедведевваҶ. Буш дар ин мулоқот натавонистанд ихтилофотеро, ки моҳҳост бар сари истиқрори сипари зиддимушакии Амрико дар хоки Аврупо вуҷуд дорад, бартараф кунанд, аммо бо ин вуҷуд, тавре раҳбари Русия гуфт, равобити Маскаву Вашингтон қавиву коромад боқӣ мемонад. Сарвари Русия гуфт: "Назари ман ин аст, ки ҳама чиз одӣ хоҳад шуд ва равобити мо тавсиъа меёбад. Дар ин замина ман ба Ҷорҷ гуфтам, ки мо бо маъмурияти нав ҳам, ки дар муддати кӯтоҳ сари қудрат меояд, иртибот барқарор хоҳем кард. Албатта, ҳанӯз 6 моҳи дигар ҳаст ва дар ин муддат мо бояд бо маъмурияти амалкунандаи феълӣ ҳамкории бештарро ба роҳ монем".
Ҳафтаи ҷорӣ ИМА бояд бо раҳбарияти Ҷумҳурии Чех созишномаеро дар робита ба бунёди радари зиддимушакӣ дар хоки ин кишвар ба имзо расонад. Музокироти Вашингтон бо Лаҳистон ҳам барои истиқрори 10 системаи дифои зиддимушакӣ идома дорад. ИМА пайваста гуфтааст, ки фаъолияти ин система барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои эҳтимолии кишварҳои саркаше чун Эрон ва на зидди Русия нигаронида шудааст. Аммо Кремлин ин системаро чун таҳдид ба амнияти миллии худ арзёбӣ мекунад. Буш дар мулоқоти ахираш бо Медведев таъкид кард, ки Вашингтону Маскав ҳамкоирашонро дар масоъили калидие чун ҷилавгирии Эрон аз дастрасӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ идома хоҳанд дод: "Масоъиле ба мисли Эрон вуҷуд доранд, ки Русияву ИМА бар сари он дар гузашта аз наздик ҳамкорӣ кардаанд ва ҳамкоришонро ба хотири мутақоид кардани режим барои дасткашӣ аз ғанисозии ураниум идома хоҳанд дод".
Аз нигоҳи нозирони мулоқоти нахустини Бушу Медведев, ин навбат раисҷумҳурии Амрико он бардоштеро, ки замони аз шиносоӣ бо Путин доштааст, баён накард. 7 соли пеш, вақте ошноии аввали Буш ва Владимир Путин, раиси ҷумҳурии пешини Русия, сурат гирифт, президенти Амрико гуфта буд, ки ӯ ба чашмони раҳбари Русия нигоҳ карда, қалби ӯро эҳсос кардааст. Ин навбат Буш хеле сода гуфт, ки Медведевро чун як шахси хеле боҳуш дарёфтааст, ки эътимод ба нафс дорад.
Ҷорҷ Буш афзуд, ки бо вуҷуди ба марҳилаи анҷомёбӣ ворид шудани муҳлати раёсатҷумҳурияш ҳанӯз фурсат барои ҳамкории муштарак ва баррасии масоъили доғи зиёд бо Русия дар пеш аст.
XS
SM
MD
LG