Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ аз тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Тими «Гвардия»-и Душанбе низ аз меҳмони худ «Динамо»-и Душанбе бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид.
Вале, чунон ки дар гузориши қаблиамон иттилоъ додем, ду бозии дигар то ба охир нарасиданд. Дар дидори «Регар» ТадАЗ бо «Саройкамар (Панҷ) дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода то дақиқаи 30-юм ҳисоб баробар - 1:1 – буд ва, баъди он ки ба дарвозаи дастаи «Саройкамар» пенолти ё ҷаримаи 11-метра таъйин гардид, футболбозони он ба нишони эътироз аз ҳукми сардовар Рустам Холов майдонро тарк карданд.
Ин ҳодиса дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Ва, билахира, бар тибқи тасмими федеросиюн, дастаи «Регар» ТадАЗ бо ҳисоби 3:0 пирӯз дониста, «Саройкамар» ба маблағи 3 000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Дар бозии дигари ин давр байни тимҳои «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷиктелеком»-и шаҳри Қурғонтеппа низ айнан чунин ҳолат рух дод. Пас аз он ки дар дақиқаи 60-ум ҳангоми 1:0 ба фоидаи «Парвоз» будани ҳисоб меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро вайрон карданд, сардовар Олим Норбоев ба дарвозаи «Тоҷиктелеком» ҷаримаи 11-метра таъйин намуд. Пас аз ин футболбозони Қурғонтеппа ба нишони эътироз аз давом додани бозӣ даст кашиданд.
Ба иттилоъи Шавкат Аҳмадов, масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ин ҳодиса низ 7-уми июл дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон баррасӣ шуд ва, бар асоси тасмими федеросиюн, дастаи «Парвоз» бо ҳисоби 3:0 пирӯз дониста шуд, «Тоҷиктелеком» бошад ба маблағи 3 000 сомонӣ мувоҷеҳи ҷарима гардид.
Пас аз ин пирӯзӣ «Парвоз» бо 35 имтиёз ба садри ҷадвали мусобиқот баромад. «Регар» ТадАЗ, ки як бозӣ камтар гузаронидааст, бо 32 имтиёз феълан дар зинаи дувум қарор гирифтааст. Дастаи «Хуҷанд» бо 29 имтиёз дар ҷои севум мебошад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 7-уми июл
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1. | «Парвоз» | 14 | 11 | 2 | 1 | 36-11 | 35 |
2. | «Регар» ТадАЗ | 13 | 10 | 2 | 1 | 39-10 | 32 |
3. | «Хуҷанд» | 13 | 9 | 2 | 2 | 15-6 | 29 |
4. | «Вахш» | 13 | 7 | 2 | 4 | 18-11 | 23 |
5. | «Динамо» | 14 | 6 | 4 | 4 | 20-17 | 22 |
6. | «Тоҷиктелеком» | 15 | 6 | 0 | 9 | 21-25 | 18 |
7. | CSKA «Помир» | 14 | 5 | 0 | 9 | 10-25 | 15 |
8. | «Энергетик» | 15 | 4 | 3 | 8 | 21-29 | 15 |
9. | «Равшан» | 16 | 4 | 1 | 11 | 18-35 | 13 |
10 | «Гвардия» | 14 | 3 | 2 | 9 | 13-32 | 11 |
11 | «Саройкамар» | 15 | 2 | 4 | 9 | 23-33 | 10 |
Бозиҳои навбатӣ: 7-уми июл. «Равшан» – «Регар» ТадАЗ, «Вахш» – «Гвардия». 8-уми июл. CSKA «Помир» – «Парвоз», «Энергетик» – «Хуҷанд», «Саройкамар» – «Тоҷиктелеком». 9-уми июл. «Динамо» – «Равшан».
Монед пинхон доранд .Лекин дар охират пинхон намешавад сирри онхо ва андозаи мулки онхо.Тарозуи адли хакики он чост.Як рохбарчаи чамоати дехоти мо на танхо ба худу авлодаш замини чамьиятро таксим намуд балки чандин гектари дигарро ба мардум фурухта бо болоихо ба хам дид.Ман арзи ин ноадолатиро хатман дар охират даьво мекунам чунки дар дуне додгустаре намебинам.
Озодӣ, шумо вроде Радиои Америка ҳастед. Лекин баъзан корҳое мекунед, ки ҳатто мо, муллоҳо, дар ҳайрат мемонем. Аввалан ки соли 2910 садҳо нафар не, ҳазорон раҳгумро Тоҷикистон аз мадрасаҳо баргардонида буд. Ба хусус аз мадрасаҳои террористии Покистону Миср. Аз Зоҳидон Эрон ҳам буданд баргаштаҳо. Ягон касро бегуноҳ зиндонӣ накардаанд дар Тоҷикистон. Дувум ки, ин маъракаи навиштаатонро як гурӯҳи кучаки Тоҷикони дар ҳамин ҷо, Қум буда ташкил кардаанд. Мақсади онҳо озодткардани писарону хешу наздикони марҳум Сайид Қиёмиддин Ғозӣ буд. Дигар ҳамааш гапи холӣ.
Ин қадар сода шумоён? О ваё ҳамаро эълон кунанд мардум ҳама дуҳдиҳошона мефаҳмад. Монед ақаллан даҳ соли дигар ғорат кунанд, сахт нагиретон.
Чароғи зулми золим то дами маҳшар намесӯзад. Агар сӯзад шабе сӯзад, шаби дигар намесӯзад.
Ресмони ало ба чои мор ва бечора ресмон пора-пора мешавад, 120 нафар кам ку бояд дар ин Точикистон на кам аз хашт миллион бояд ихвонул-муслимин бошанд, дар кутохтарин муддат бояд инхо муаян шаванд ва аз мардуми осоиштаи точик дур карда шаванд, афсус барои чи дар мо хисси якдигардусти , гуманизм кариб,ки намондааст 120нафар аз падар модар аз зану фарзанд чудо мабодо ки ба чои салла калла нашуда истода бошад, ин миллати азобкашидаро ман бисъер дуст медорам намехохам ба пои ягонтои ин мардум хор нахалад, ба кучактарин пешравии ин миллат курта-курта гушт мегирам аз раис то кучаки ин миллатро дуст медорам ва мехохам дар байни хар яки мо якдигарфахми бошаду якдигарфахми бошад Омин.