Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду таркиши маргбор дар Ироқ


Имрӯз бар асари ду таркиш дар Ироқ дасти кам 13 нафар кушта ва 15 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Дар шаҳри Қаратеппаи устони Диёл, дар канори манзили раиси бахши маҳаллии ҳизби "Иттиҳоди ватандӯстони Курдистон" як бомб инфиҷор кард. Бар асари таркиш раиси бахши маҳалли ҳизб ҷароҳати сангин бардошт ва ҳамсару ду фарзандаш ба ҳалокат расиданд. Дар ин ҳодиса чаҳор нафари дигар ҳам кушта шуданд.

Таркиш дар як маҳаллаи шианишини шимоли Бағдод бошад мунҷар ба ҳалокати дасти кам 6 нафар ва маҷрӯҳ шудани 14 нафари дигар гардид. Тибқи хабарҳо, дар ин маҳалла як мошини ҳомили маводи тарканда инфиҷор кардааст. Ҳадс зада мешавад, ки гурӯҳи кормандони полис ҳадафи ҳамла қарор дошт - миёни маҷрӯҳон се корманди полис низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG