Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматулло Зоиров: «Нерӯи сеюм алайҳи президент»


Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон мегӯяд, дар сохтори давлати кишвар нерӯи сеюм ба миён омадааст.

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон гуфт, дар дохили давлат як нерӯе ба миён омадааст, ки ҳадафмандона бар зидди раисҷумҳур ва ҷонибдорони вай амал мекунад. Раҳбари сотсиал – демократҳо аз он қувва ба унвони «нерӯи сеюм» ном бурд ва афзуд: « Моҳҳои ахир, агар аҳамият дода бошед, ҳукумати марказӣ дар куҷо чи амалиёте гузаронидан хоҳад, аз ҷониби ҳамон тараф ё қувваи сеюм ба маҳалли ҳодиса иттилоъи дигар мерасад ва дар натиҷа давлат он барномаи худро амалӣ карда наметавонад. Дар зимни боздошти Низомхон Ҷӯраев, дар Кӯлобу Рашт ҳам, дар Бадахшон ҳам ҳамин хел шуд. Ҳоло қувваҳои қудратӣ ба Бадахшон нарафта, дар байни мардуми маҳал хабару овозаҳое паҳн шуд, ки аз марказ нерӯҳо омада, чанд қувваи маҳаллиро пахш мекунанд. Ин нишони ҳавасмандии он қувва ба муташанниҷ кардани вазъият дар Тоҷикистон аст».

Оғои Зоиров дар суҳбат бо хабарнигорон дар Хуҷанд аз он, ба истилоҳ «нерӯи сеюм» тавсиф накард, ки он чи гуна нерӯст ва аз мухолифат алайҳи давлати президент Раҳмон чӣ мехоҳад?

Вай танҳо афзуд, ки қабл аз омаданаш ба Суғд низ хабару овозаҳое, ба гумони қавӣ аз ҷониби ҳамон «нерӯи сеюм», паҳн карда шуданд, ки лидери сотсиал-демократҳо ба Хуҷанд барои барпо кардани гирдиҳамоӣ ва барҳам задани суббот меояд. Ӯ афзуд: «Вале чизи аз ҳама номақбул дар ин маврид барои Ҳизби сотсиал - демократӣ ин аст, ки дар ҳар куҷо беназмӣ ва корҳои манфӣ мешавад, ба Ҳизби сотсиал - демократӣ нисбат медиҳанд ва ман гуфтам, чаро корҳои хубу мусбатро ҳам ба ҳизби мо вобаста намекунед?»

Раҳбари сотсиал-демократҳои Тоҷикистон дар мавриди нисбатан аз по уфтодани ҳизбаш дар Суғд гуфт, баъд аз он ки дар давраи интихоботи парлумонии соли 2005 аъзои фаъол ва довталаби ҳизбаш аз ҷониби давлат саркӯфта ва ду нафар ба зиндон афканда шуданд, фосилае барои аз нав нерӯ ҷамъ кардан ва ба ҳам омадани ҳизбаш ба миён омада буд . Ҳамакнун ба хотири фаъол кардани созмони суғдии Ҳизби сотсиал - демократӣ дар конфаронси ҳизбӣ аъзои садорати он иваз карда шуданд. Дилбар Самадова, раҳбари пешини бахши суғдии Ҳизби сотсиал - демократӣ, ки соле қабл ӯро Муҳаммадҷон Абдуллоев иваз карда буд, боз ба ин вазифа интихоб гардид.

XS
SM
MD
LG