Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Эрон дар бобати ба бастаи пешниҳодҳо


Ирон посухи худро дар бораи бастаи мушшаввиқҳои панҷ кишвари узви доимии ША СММ ва Олмон ба Белжик фиристодааст. Ҳадафи ин баста хатми буҳрони ҳастаии Эрон мебошад. Намояндаи Эрон дар Белжик ин посухро ба Ховиэр Солоно-масъули бахши сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо супурдааст. Сайид Ҷалилӣ-раҳбари ҳайати музокироти ҳастаии Эрон телефонӣ бо Солоно гуфтугу кардааст. Муҳтавои посухи Эрон ифшо нашудааст. Қаблан телевизиони давлатии Эрон гуфта буд, посухи Эрон "созанда" ва "амалист". Панҷ узви доимии ША ва Олмон бастаи кумакҳои молиро ба Эрон пешниҳод кардаанд, то Эрон аз барномаҳои ғанисозии уран даст кашад.
XS
SM
MD
LG