Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 8 афсари пулис дар Афғонистон


Суманвол Матиуллоҳ-раиси пулиси Қандаҳори Афғонистон гуфтааст, мардони мусаллаҳ дар посгоҳе дар ҷануби ин кишвар 8 афсарро куштаанд. Ба гуфтаи Суманвол Матиуллоҳ, афроди мусаллаҳ аввал бами дастиро ба суи посгоҳ партоб ва сипас онро тирборон кардаанд. Ин ҳодиса шоми панҷшанбе дар вулусволии Панҷвоии вилояти Қандаҳор рух додааст. Як афсари дигар захмӣ ва ду нафар бедарак шудаанд. Ин минтақа ба унвони пойгоҳи шӯришиёни Толибон шӯҳрат дорад.
XS
SM
MD
LG