Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озодии Бетанкур баъди 6 сол


Ингрид Бетанкурт (аз рост) ва ҷенероли артиш Марио Монтоя, 3-вуми июл
Ингрид Бетанкурт (аз рост) ва ҷенероли артиш Марио Монтоя, 3-вуми июл

Баъди 6 соли асорат Ингрид Бетанкур, собиқ номзади раёсатҷумҳурии Колумбия, ва ҳамроҳонаш озод шуданд.

Имрӯз, 3-вуми июл, низомиёни Колумбия як амалиёти ҷасуронаро барои аз дасти ҷангҷӯёни Нерӯҳои мусаллаҳи Колумбия раҳо кардани номзади пешини раёсатҷумҳурӣ Ингрид Бетанкур ва 14 гаравгони дигар дар як ҷангал анҷом доданд.
Раҳбарони Амрикои Лотин аз ин иқдоми деринтизори низомиён чун саҳме барои ба эътидол ва суботи бештари ин кишвар истиқбол карданд. Ингрид Бетанкур 6 сол дар дасти гаравгонгирҳо ба сар бурда, вақтҳои охир саломатиашро аз даст дода буд.
Ингрид Бетанкур шурӯъ аз соли 2002 дар гарави нерӯҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия, ки 44 сол аст амалиёти пурхушунатеро зидди ҳукумат ба роҳ мондаанд, ба сар бурдааст. Рӯзи панҷшанбе баробари раҳо шудан аз дасти ҷангҷӯён вай ба аъзои хонаводааш дар пойтахти Колумбия шаҳри Богота пайваст. Ӯ гуфт, гурӯҳи имдодрасоне савори ҳавопаймое дар урдӯгоҳи ҷангалии онҳо фуруд омад ва ба ӯву 14 гаравгони дигар амр дода шуд, ки барои интиқол ёфтан ба қароргоҳи дигаре вориди тайёра шаванд. Аммо дар дохили ҳавопаймо ҳайъати ин гурӯҳи имдодрасон ҳақиқатро ошкор карда гуфтаанд, ки дар асл онҳо сарбозони артиши Колумбия буда, онҳоро озод кардаанд.
Тамоми амалиёт 22 дақиқа тӯл кашидааст, ва фармондеҳи артиши Колумбия генерал Марио Монтоя баъдан дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки ин тӯлонитарин дақиқаҳои умраш будааст.
Рӯзи ҷумъа қарор аст хонум Бетанкур барои пайвастан ба фарзандонаш ба Фаронса парвоз кунад: ӯ дорои табаъияти дугонаи Колумбия ва Фаронса мебошад. «Ҳоло барвақт астки бигӯяд оё дар оянда ҳам бо фаъолиятҳои сиёсӣ машғул хоҳад шуд ё на, - мегӯяд ӯ, - чунки ҳоло мехоҳад, ки нахуст бо аҳли оилааш тамоми масъалаҳои имрӯзаву ояндаро баррасӣ кунад. Вай гуфт, ки мехоҳад билохира дар Фаронса ба хок супурда шавад, чунки ба хотири талошҳои Фаронса вай имрӯз дар қайди ҳаёт мебошад.
Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳурии Фаронса, ваъда дода буд, ки озодкунии хонум Бетанкурро яке аз муҳимтарин ҳадафҳои сиёсати хориҷии худ қарор медиҳад. Аслан Саркозӣ ба сарнавишти Бетанкур ба хотири тақвияти талошҳои президенти Колумбия Алваро Урибе барои раҳо кардани ин зан ва дигар гаравгонҳо аз дасти ҷанҷӯён таваҷҷуҳ кардааст.
Таҳлилгарон озодшавии Бетанкурро чун зарбаи ҷиддии дигар ба гурӯҳи FARC (фарк) ё нерӯҳои мусаллаҳи инқилобии Колумбия арзёбӣ мекунанд. Имсол баъди қатли 3 раҳбари шӯришиён ҷангҷӯён маҷбур шуданд ба ҷангалзорҳои анбӯҳ ақибнишинӣ кунанд.
Дар ҳамин ҳол, Бетанкур дар суҳбат бо хабарнигорон гуфт, ки вуҷуди мушкилоте дар сафи ҷангҷӯён эҳсос мешавад: "Ман намехоҳам ба ин савол ҷавоби эҳсосотӣ диҳам, чунки ин як зарбаи сахте ба FARC аст ва гуфтан мумкин, ки он хароб шудааст. Ман танҳо мехоҳам, ки ба шумо роҷеъ ба он чи, ки худам таҷриба кардаам, бигӯям. Дар як соли ахир дастрасӣ ба захираҳо хеле мушкил шуд. Мо чизи каме доштем, ки бихӯрем, ғизо хеле якранг буд, мева ё сабзаҷот аслан набуд. Ин як нишонаи он аст, ки захираҳои шӯришиён бо мушкилот рӯбарӯ шудааст".
FARC, ки ақидаҳои марксистиро дунбол мекунад, аз назари сиёсӣ як идеологияи бемаврид ё азбайнрафтаро дар қаламрави Амрикои ҷанубӣ пайравӣ дорад. Баъзе раҳбарони чапгарои онҳо дар нуқоте аз кишварҳои бузургтарини минтақа, аз ҷумла дар Бразилия, Чили, Венесуэла ва Боливия, сари қудрат мебошанд.
Раҳбарони Амрикои лотинӣ баробари дарёфти хабари озодшавии Бетанкур ба табрик ва ситоиши талошҳои Алваро Урибе шитофтанд.
XS
SM
MD
LG