Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби Адолат ва Тараққиёт дар додгоҳ ҷавоб медиҳад


Имрӯз ҳизби ҳокими Туркия дар додгоҳе ҳозир шуд, ки қонунмандии фаъолияти онро паси дараҳои пӯшида баррасӣ дорад. Ҳизби Адолат ва Тараққиётро дар кӯшиши ба ҳам задани низоми дунявии давлатдорӣ ва кӯшиши бунёди як давлати исломӣ айбдор мекунанд. Дар айбномаи додситони кулли Туркия зидди ҳизби ҳоким инчунин тақозои баста шудани ҳизб ва манъи фаъолиятҳои сиёсии 71 мақоми баландпояи узви он, аз ҷумла раиси ҷумҳурӣ Абдуллоҳ Гул ва нахуствазир Раҷаб Тайиб Эрдуғон карда шудааст.
XS
SM
MD
LG