Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қотили Политковская дар фирор аст


Додситони кулли Русия гуфт, ки Маскав роҷеъ ба буду боши марди гумонбар дар куштори журналист Анна Политковская иттилое надорад. Юрий Чайка гуфт, ки гумонбар Рустам Маҳмудов аз соли 2001 ин тараф бо иттиҳоми даст доштан дар чандин ҷиноят мавриди пайгарди қонун қарор дорад. Рӯзи сешанбе як муфаттиши калоне гуфт, ки Маҳмудов дар яке аз давлатҳои Аврупои Ғарбӣ панаҳ мебарад, аммо аз бурдани исми кишвари мушаххас худдорӣ кард. Политковская моҳи октябри соли 2006 дар Маскав ба қатл расид. Додситонӣ бо иттиҳоми куштори хабарнигор се нафарро айбдор кард, аммо ҳамкорони собиқи ӯ мегӯянд, ки тафтишот бисёр саволҳои марбут ба ин кушторро беҷавоб мондааст.
XS
SM
MD
LG