Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркише дар назди посгоҳи Русия дар Зугдиди


Имрӯз дар наздикии посгоҳи нирӯҳои Русия дар ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон таркише рух дод, ки ба касе осеб нарасонд. Сухангӯи нирӯҳои федеролӣ дар Абхозистон гуфт, ки маводи тарканда дар хати марз бо Гурҷистон дар минтақаи Зугдидӣ мунфаҷир кард. Ҳайати посдорони сулҳи Русия Гурҷистонро дар, ба қавли онҳо, анҷоми чунин як амали "таҳрикомез" айбдор карданд. Ҷумҳурии ҷудоихоҳи Абхозистон, ки аз Маскав пуштибонӣ мешавад, аз солҳои 1990 ба ин тараф ба саҳнаи танишҳо табдил шудааст.
XS
SM
MD
LG