Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заминларза дар Тоҷикистон


Имрӯз, 2-вуми июл, дар Тоҷикистон заминларза ба амал омад. Дар тамоми Тоҷикистон ин заминларза бо қувваи аз 3 то 5 дараҷаи ҷадвали 12-баллӣ эҳсос гардид.
Чунонки дар Маркази сейсмологии хабар доданд, заминларзаи мазкур дар соати 4-у 51 дақиқаи вақти маҳаллӣ сурат гирифтааст. Ба таъйиди ин сейсмологҳои тоҷик, маркази зилзила 15-километрии ҷануби шарқии шаҳри Душанбе, пойтахти кишвар, дар ноҳияи Рӯдакӣ ба қайд гирифта шудааст.
Дар маркази зилзила қувваи такон 4,5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил намуд. Гуфта мешавад, ки касе ва ҷое зарар надидааст.
XS
SM
MD
LG