Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳолмс: Афғонистон дар остонаи гуруснагӣ


Як мақоми олирутбаи Созмони Милали Мутаҳид гуфт, бояд як барномаи нави кӯмакҳои башарӣ барои Афғонистон таҳия шавад. Ба гуфтаи Ҷон Ҳолмс, ки ахиран аз Афғонистон баргаштааст, вазъи башарӣ дар онҷо на танҳо ҷиддӣ, балки дар ҳоли бадтар шудан аст. Ҷон Ҳолмс намояндаи олирутбаи муассисаи имдодии СММ афзуд, барои кӯмак ба Афғонистон ҳафтаҳои оянда аз ҷомеаи байналмилал дархости кӯмак хоҳад шуд. Ба гуфтаи ӯ, зоҳиран барои имдод ба мардуми ниёмзманд аз 300 то 400 миллион доллар зарур хоҳад шуд. Бинобар афзоиши қимати маводи ғизоӣ ва хушксолӣ, дар Афғонистон камбуди шадиди маводи ғизоӣ эҳсос мешавад.

XS
SM
MD
LG