Пайвандҳои дастрасӣ

Нобудсозии қароргоҳи ҷангиён дар Покистон


Мақомоти Покистон гуфтаанд, ки нирӯҳои ин кишвар, сохтмони бузурги ҷангиёнро дар минтақаи Хайбар нест карданд.

Ба гуфтаи мақомот нирӯҳои артиши Покистон дар рӯзи чоруми амалиёти зидди ҷангиёни исломӣ як сохтмони бузурги ҷангиёнро дар минтақаи қабиланишини Хибер нобуд карданд.
Сохтмоне дар маҳалли Малик Динхел ба ҳайси қароргоҳи гурӯҳи мамнӯъшудаи Лашкари Исломӣ хизмат
мекард. Дар ҳамин ҳол, нирӯҳои ниманизомии Покистон ҳама роҳҳои убуру мурурро дар атрофи шаҳри Бара, маҳалли марказии амалиёт муҳосира кардаанд. Ҳукумат баъди он амалиётеро ба роҳ монд, ки ҷангиён шаҳри шимолуғарби Пешавар ва роҳеро, ки ба захирагоҳи муҳими нирӯҳои ИМА ва НАТО дар Афғонистон мебарад, ҳадафи худ қарор доданд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG