Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоди Иттиҳоди Африқо аз интихоботи Зимбабве


Раҳбарони кишварҳои африқоӣ раиси ҷумҳури Зимбабве Роберт Мугаберо таҳти фишор қарор доданд, то бо мухолифони ҳукуматаш музокирот кунад. Роберт Мугабе як рӯз баъд аз адои савганд ба ҳайси раиси ҷумҳур рӯзи душанбе дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳодияи Африқо ширкат кард. Роберт Мугабе дар як интихоботи баҳсбарангез ва шармовар ягона номзад ба мақоми раиси ҷумҳур буд.

Қарор аст, имрӯз нишасти сарони кишварҳои Иттиҳодияи Африқо идома кунад. Айни замон Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тарҳи нави қатъномаеро барои пешниҳод ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал таҳия кардааст, ки эъмоли таҳримоти бештари иқтисодӣ ва дипломатӣ ба зидди ҳукумати Роберт Мугаберо пешбинӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG