Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи Зимбабве дар нишасти Шарм-ул-Шайх


Дар фароғатгоҳи Шарм-ул-Шайхи Миср сарони Иттиҳодияи Африқо вазъи Зимбабверо баррасӣ мекунанд. Дар ин нишаст раиси ҷумҳури Зимбабве Роберт Мугабе низ ширкат дорад, ки дирӯз, баъди эълони натоиҷи интихоботи президентӣ, ба ҳайси сарвари кишвар савганд ёд кард. Дар даври дуввуми интихоботи раёсати ҷумҳур Мугабе номзади ягона ба мақоми раиси ҷумҳур буд – рақиби аслии ӯ Морган Свангирай бо далели таъқибу фишори ҷонибдоронаш аз идомаи сабқат даст кашид.

Свангирай аз ширкаткунандагони нишасти Шарм-ул-Шайх даъват кард, ки натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳурии Зимбаверо напазиранд. Қаблан Иёлоти Муттаҳида ва дигар кишварҳои ғарбӣ хостори таҳримҳои нав болои Зимбабве шуда буданд.

Ва аммо, ба гуфтаи коршиносон, шояд нишасти Иттиҳодияи Аврупо ба Мугабе ва Свангарай машварат диҳад, ки ба хотири тақсими қудрат сари мизи музокирот нишинанд.

XS
SM
MD
LG