Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни Ваҳдат дар Бадахшон


Дар шаҳри Хоруғ ва маркази ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ 11-умин солгарди иди Ваҳдати миллӣ бо баргузории намоиши идона баргузор шуданд.

Чунин ҷашнгирӣ дар маркази ноҳияи Роштқалъа низ гузаронида шуд.

Ҳукуматити вилоят қаблан эълом дошт, ки бино бар ҳанӯз дар таъмир будани майдони варзишии шаҳр ҷашни ваҳдат дар ноҳияи Роштқалъа мегузарад. Аммо ахиран ғайриинтизор куллли кормандони идороту муассисоти маркази устон барои баргузории намоиши идона сафарбар шуданд ва, инак, дар ин ду макон иди Ваҳдат ва ризояти миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин маросимҳо раиси вилоят Қодири Қосим ва вазири дохила Маҳмадназар Солеҳов ширкат варзиданд.
Ба иттилоъи мақомоти вилоят, барои ширкат дар ҷашн ҳамчунин намояндагони 5 аҳзоби сиёсии кишвар низ даъват шуданд. Аммо намояндагони ҲДТ ва ҲСДТ дар минтақа мегӯянд, ки бино бар адами ваҳдати воқеъӣ ва норизоят аз шеваи тарғиби якҷонибаи дастовардҳои мусолиҳаи миллӣ онҳо аз ширкат дар маросим худдорӣ варзиданд.
Аммо дар ҳамин ҳол, муовини раиси бахши вилоятии ҲНИТ Сабзалӣ Мамадризоев изҳор намуд, ки ҳарчанд ӯ бо намояндагони ин ду ҳизб ҳамақида ҳаст, раёсати минтақавии ҳизби назҳат мехост дар ҷашн ширкат намояд, то намояндаи ҳизб имконият пайдо кунад оид ба нақши тарафи дигари созишномаи сулҳ барои ҳозирин сухан кунад.
Аммо, гуфт Сабзалӣ, даъватнома барояш рӯзи баргузории ҷашн, дар ҳоле ки суханрониҳо аллакай ба поён расиданд, дода шуд.
Намояндагони аҳзоби мухолиф баргузории намоиши идонаи ғайриинтизорро дар маркази устон чун як усули вокуниш нишон додани мақомот ба гирдиҳамоӣ дар Хоруғ, ки бо ташаббуси намояндагони маҳаллаҳои шаҳр дар робита ба вуруди нерӯҳои низомӣ баргузор шудаву бархе аз аҳзоби мухолиф дар он аз худ дарак доданд, арзёбӣ мекунанд. Сабзалӣ Мамадризоев мегуяд: «Фарқ дар ҳамин ҳаст, ки дар ин намоиш кормандони муассисаву идораҳо, бо шиъорҳои бештар ширкат меварзанд».
Дар ноҳияи Роштқалъа дар маҳалли баргузории ҷашн интизории мардум тул кашид.Ба ғайр аз пешвозгирандагони зиёд дар мобайни майдон, ки ба ҳозирин намоиши театрикунонида пешкаш гардид, зери чодари гулмонанд чанд тан аз духтарбачаҳои мактабхон дар шароити номусоъид, ки ҳатто, ба гуфтаи онҳо, барои қомат рост кардан имконият мавҷуд набудааст, соатҳои зиёд омадани раиси вилоят ва ҳайъати ҳамроҳи ӯро интизор шуданд. Таҳмина ва Гулнигор, ду тан аз ин ширкаткунандагони наврас ба хабарнигори «Озодӣ» гуфтанд: «То соати 11-и шаб машқ кардем, субҳ омада, зиёда се соат интизор шудем, дар даруни хайма ҷой танг буд, ташна шудем, лекин тоқат кардем».
Дар ҳамин ҳол, иддае аз мусоҳибон изҳори хурсандӣ мекунанд, ки бо баргузории чунин ҷашнҳо дар шароити маҳал онҳо рӯзе ҳам бошад корҳои дилбазани рӯзгордориро фаромӯш ва ба тамошо дода мешаванд. Аммо бархеи дигар баргузории чунин маъракаҳоро ба муносибати ҳар як санаи таърихӣ кори серхароҷот ва нолозим арзёбӣ намуданд.
XS
SM
MD
LG