Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Гейтс аз нокомии Покистон


Вазири дифои Амрико Роберт Гейтс гуфт, ки нокомии Покистон барои фишор болои гурӯҳи Толибон дар марз бо Афғонистон мояи нигаронӣ аст. Бо таъкид ба болоравии домани хушунатҳо дар шарқи Афғонистон, Гейтс дар як нишасти матбуотӣ гуфт, "имкони Толибон ва ситезаҷӯёни дигар барои убури марз ва тавони онҳо барои фирор аз фишори ҷониби Покистон дар марз воқеан ҳам мояи нигаронӣ ва ташвиш мебошад". Раҳбарияти Афғонистон Покистонро барои пуштибонии махфии шӯришиён ва паноҳ додани раҳбарони онҳо муттаҳам мекунанд, дар ҳоле, ки ин иттиҳомотро пайваста раҳбарони мулкиву низомии Исломбодо рад кардаанд.
XS
SM
MD
LG