Турсунбек Ахун, Омбдусмени Қирғизистон, дар ин маврид ба радиои Озодӣ гуфт, бояд дари зиндон ва боздоштгоҳҳо барои ҳомиёни ҳуқуқи башар ва намояндагони созмонҳое, ки мехоҳанд бо ҳаёти маҳбусон ва мушкилоти онҳо аз наздик ошно шаванд, ҳамеша боз бошанд. Вай афзуд, дар он сурат кормандони умури интизомӣ аз шиканҷаи гумонбарон ва маҳбусон то андозае худдорӣ хоҳанд кард. Вай гуфт, ки боздиди намояндагони созмонҳои иҷтимоъӣ аз маҳбас ва боздоштгоҳҳои қаблӣ тартибу низомро ҷорӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи Турсунбек Ахун, вале мавҷудияти монеъаҳо дар мавриди боздиди намояндагони созмонҳои иҷтимоъӣ аз ин зиндонҳо ва боздоштгоҳҳои қаблӣ фақат ба авҷи шиканҷаву фишор мусоидат хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол Алишер Мамасолиев, депутати порлумони ин кишвар, чунин мешуморад, ки боздиди бидуни монеъа аз маҳалли иҷрои ҷазо амнияти намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва иҷтимоъиро зери хатар қарор хоҳад гузошт. Ба гуфтаи Алишер Мамасолиев, дар маҳбас афроде низ ба сар мебаранд, ки барои як умр ба ҳабс маҳкум шудаанд ва аз мулоқот бо иддае аз ин афрод бояд худдорӣ кард. Ба гуфтаи оқои Мамасолиев дар ҳамин ҳол масъалаи мазбур таваҷҷуҳи депутатҳои порлумон ва намояндагони созмонҳои иҷтимоъии кишварашро ба худ ҷалб кардааст.
Аммо баъзе коршиносони маҳаллии қирғиз мӯътақиданд, ки дар зиндонҳои ин кишвар аз шиканҷа фаровон кор намегиранд. Ба гуфтаи ин манобеъ, вале касе мавҷудияти шиканҷаро дар боздоштгоҳҳои қаблӣ инкор нахоҳад кард. Яке аз ҳамсӯҳбатони мо, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, мегӯяд дар боздоштгоҳҳои қаблӣ гумонбаронро ба шиканҷаи сахт мувоҷеҳ мекунанд. Ҳамсӯҳбати мо афзуд, ки вайро маҳз тавассути шиканҷаи сахт маҷбур карданд, ки ҷинояти содирнакардаашро ба дӯш гирад.
Дар ҳамин ҳол иддае аз коршиносон бар ин ақида устуворанд, ки Қирғизистон дар миёни соири кишварҳои Осиёи Марказӣ дар мавриди истифодаи шиканҷа дар ҷои охир қарор дорад.